Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод соҳиби мақоми мӯътабаре шуд


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқро узви Маҷмаъи Ташхиси Маслиҳати Низом, як ниҳоди мӯътабари тасмимгири кишвар таъйин кардааст. Зимни эъломи ин қарор, Алии Хоманаӣ гуфтааст “ Бо таваҷҷӯҳ ба талошҳои арзишманди ҳаштсола ва таҷорубе, ки дар ин муддат андӯхтед, шуморо ба узвияти Маҷмаъи Ташхиси Маслиҳати Низом мансуб мекунам." Ниҳоди мазкурро Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Эрон раҳбарӣ мекунад, ки аз мунтақидони аслии Аҳмадинажод аст. Маҷмаъи Ташхиси Маслиҳати Низом, як ниҳоди миёнарав байни порлумон ва Шӯрои Нигаҳбон аст, ки аксарияти аъзои ин шӯро афроди муҳофизакор ва вафодор ба Хоманаӣ ҳастанд. Давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе ба поён расид ва Ҳасани Рӯҳонӣ, ҷойгузини ӯ шуд.
XS
SM
MD
LG