Пайвандҳои дастрасӣ

Генерали туркро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд


Додгоҳи Туркия ба судури ҳукми 275 нафаре шурӯъ кард, ки ба кӯшиш барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд ва аз ҷумла генерал Илкер Басбуг, фармондеҳи собиқи артишро ба ҳабси якумрӣ маҳкум намуд. Илкер Басбуг, ки солҳои 2008-2010 фармондеҳи артиши Туркия буд, ҳамаи иттиҳомотро беасос хондааст. Додгоҳ рӯзи душанбе аз ин миён 21 нафарро бегуноҳ донист ва теъдоди дигарро ба мӯҳлатҳои гуногун, аз ҷумла то 20 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси ин парвандаи пурсарусадо, афсарони баландпоя, ҳуқуқдонҳо, академикҳо ва хабарнигорон ҳам муҳокима мешаванд. Додситонҳо онҳоро ба “узвият дар созмони террористӣ” бо номи Эргенекон, эҷоди ноамнӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва барангехтани ошӯби мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ муттаҳам мекунанд, ки ин ҳизб решаҳои исломӣ дорад.
XS
SM
MD
LG