Пайвандҳои дастрасӣ

Ардашери Карим, ки се сол пеш омӯзишгоҳи низомии Душанберо хатм кардааст, ҳоло орзуи идомаи таҳсил дар Академияи пулиси Туркияро дорад.

Вай гуфт, ин орзуяшро аз тариқи озмуне амалӣ хоҳад кард, ки ахиран вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои интихоби алоқамандони таҳсил дар мактаби пулиси Туркия эълон кардааст.

Масъулони ин вазорат мегӯянд, шарти аслии ширкат дар ин озмун донистани забони туркӣ ва вазъи хуби саломатии довталаб буда, довталаб ҳамчунин бояд санади таъйидкунандае пешниҳод кунад, ки узви ягон ҳизб нест ва ягон бор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Ардашер мегӯяд, феълан ҳуҷҷатҳояшро омода кардаву ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияашон пешниҳод карданист ва бовар дорад, ки ба курсии донишҷуӣ соҳиб хоҳад шуд. Зеро, мегӯяд ӯ, донишу рағбати қавӣ дорад ва забони туркиро низ ба ҳадде балад аст.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, таҳсил дар Академияи пулиси Туркия метавонад, ӯро ҳамчун корманди интизомии сатҳи байналмиллалӣ, омода кунад.


Ба бовари Ардашер, як иллате ки обрӯи кормандони интизомӣ дар Тоҷикистонро мезудояд, ҳамин камбуди афсарони ҳирфаист. Ӯ мегӯяд, ҷалби ҷавонон барои таҳсил дар хориҷ метавонад, ин доғро тоза кунад: «Ҳама не, баъзе кормандони милиса буданд, ки саводи кофӣ дар соҳаи худ надоштанд, бо мардум дағалона рафтор мекарданд. Ин обрӯи корманди интизомиро паст ҳам кард. Барои ман ҳамчун як нафаре, ки зиёд мехоҳам корманди интизомӣ бошам, чунин озмун мувофиқи мақсад аст.»

Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ҳадафи аслии ин озмунро тарбияи мутахассисони ҳирфаии дараҷаи байналмиллалӣ унвон мекунанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин озмун нафароне номнавис хоҳанд шуд, ки алоқаманди таҳсили интизомӣ дар Туркия ҳастанд. «Ҳар як довталаб аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок дар ин озмунро дорад, метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалли зисташон пешниҳод намояд,» - гуфт Асадуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, фиристодагони Тоҷикистон дар факултаи илм ва бехатарии Академияи Пулиси Туркия таҳсил хоҳанд кард, зеро дар сохторҳои вазорат ба чунин мутахассисон ниёз зиёд аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, феълан барои бахшҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ асосан Академияи худи вазорат кадр омода мекунад. Як бахши умдаи мутахассисони соҳоти интизомӣ ва низомии Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ(СНГ) низ таҳсил мекунанд.

Маҳдии Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ мегуяд, шояд таҳсили интизомӣ дар Туркия барои бархеҳо боиси қабул набошад, бахусус барои онҳое ки парвардаи мактабҳои амниятии Русияанд: «Аммо агар ҳоло ҷавонони мо дар Туркия, ки як кишвари нимаисломиву нимааврупоист, таҳсил кунанд, ягон бадӣ надорад. Зеро фарҳангу дину оини мо наздик аст ва фикр мекунам, ин иқдом ҳам ба ҳамин хотир амалӣ мешавад.»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шумораи онҳоеро, ки барои таҳсил ба Туркия ифристода мешаванд, ошкор намекунад, вале мегӯяд, ин як гурӯҳи ба андозаи кофӣ бузург хоҳад буд. Ардашери Карим умедвор аст, ки рӯзи 25 август, вақте натиҷаҳои озмун эълон мешаванд, исми худро ҳатман дар ин гурӯҳ хоҳад дид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG