Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони умрбоди фармондеҳи собиқи артиши Туркия


Тадобири амниятӣ дар атрофи додгоҳи Силеврӣ
Тадобири амниятӣ дар атрофи додгоҳи Силеврӣ

Додгоҳи Туркия фармондеҳи собиқи артиши ин кишварро бо ҷурми ширкат дар талоши барандохтани ҳукумат ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Генерал Илкер Бошбуғ, ки тайи солҳои 2008-2010 фармондеҳи артиши Туркия буд, тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад.

Генерал Бошбуғ аз ҷумлаи нахустин гурӯҳ аз 275 нафари муттаҳам ба ширкат дар ин қасди табаддулоти давлатист, ки ҳукми ҳар кадомаш рӯзи 5 август ба сурати алоҳида эълон шуд. Додгоҳ дастикам 21 нафарро бегуноҳ баровард, вале чандин тани дигар маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Аз ҷумла се вакили мухолифи парлумон аз 12 то 35 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Дар байни маҳкумин дар ин парвандаи пурсарусадо генералҳо, вакилони дифоъ, академикҳо ва журналистон ҳастанд. Иттиҳомоти алайҳи онҳо узвият дар ”созмони террористӣ”-и мавсум ба Эргенекон ва ҳамин тавр, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, амдан оташ задани биноҳо ва таҳрик ба ошӯби низомӣ алайҳи сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ҳизби адолат ва тавсиъаи ӯро фаро мегирад.

Дар рӯзи эълони ҳукми гурӯҳи аввал аз муттаҳамин дар парвандаи Эргенекон дар атрофи додгоҳи Силиврӣ, минтақае дар канори Истанбул, нирӯҳои пулис мустақар шуда, атрофи бинои додгоҳро бо саддҳои оҳанин печонда буданд. Пулис барои пароканда кардани садҳо эътирозгари ҷамъшуда аз гази ашковар истифода бурдааст. Эътирозгарон шиор мезаданд, ки: “Мо ҳама сарбозони Мустафо Камолем!”

Мустафо Камол ҳамон Отатурк аст, ки асосгузори Туркияи муосир ба шумор меояд. Тарафдорони сохти дунявӣ дар ин кишвар Эрдуғон ва ҳизби решааш исломии ӯро айбдор мекунанд, ки барномаи исломисозии ҷомиаи Туркияро таъқиб мекунад ва ин хилофи арзишҳоест, ки Отатурк таблиғ мекард.


Илкер Бошбуғ
Илкер Бошбуғ
Мухолифини дунявигарои Туркия додгоҳи Эргеноконро, ки аз соли 2008 ба ин сӯ идома дорад, маҳкум мекунанд ва мегӯянд, ҳадаф хомӯш кардани садои мунтақидони давлати кунунист.

Низомиҳои қотеъона дунявигарои Туркия, ки муддати тӯлоние кафили Қонуни асосии ин кишвар ба шумор мерафтанд, бо ҳизби исломиасоси адолат ва тавсиъа як таърихчаи давомдори таниш доранд.

Низомиҳои Туркия дар солҳои 1960, 1971 ва 1980 се дафъа табаддулоти низомӣ барпо карда, дар соли 1997 ҳукумати сарвазири исломгаро Наҷмиддин Эрбақонро, ки устоди сарвазири кунунӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон буд, маҷбур ба истеъфо карданд.

Аз замони ба қудрат расидани Эрдуғон дар соли 2002 садҳо афсари артиши Туркия бо ҷароими мухталиф ба зиндон кашонида шуданд. Мунтақидон мегӯянд, ҳадаф аз ин ҳама маҳор кардани нуфуз ва таъсири низомиҳо ба сиёсати Туркия аст.

Дар моҳи сентябри соли 2012 дар чорчӯби парвандаи дигари низ пурсарусадои мавсум ба “Путк” ҳамин додгоҳи Селеврӣ беш аз 300 афсари фаъолу мустаъфии артиши Туркияро бо айни иттиҳоми талоши барандохтани ҳукумат дар 10 соли пеш ба мӯҳлати то 20 сол маҳкум ба зиндон карда буд.
XS
SM
MD
LG