Пайвандҳои дастрасӣ

Омили қатли тоҷири қирғизро дар Тоҷикистон ёфтанд


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, яке аз омилони қатли раиси бузургтарин бозори Қирғизистонро пайдо кардаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 5-август хабар дод, ки Шералӣ Адҳамов, сокини 38-солаи ноҳияи Панҷ бо се шаҳрванди Қирғизистон забон як карда ва Абдуалим Юнусов, раиси бозори Қаросуро куштаанд. Ба гуфтаи вазорат, рӯзи 5 сентябри соли 2005 онҳо дар хонааш ба сари Абдуалим Юнусов тир зада ва муҳофизашро ҳам куштаанд. Қатли тоҷири қирғиз дар 8 соли пеш сабаби тазоҳурот дар ҷануби Қирғизистон шуда буд. Шералӣ Адҳамов, ки муддати тӯлонӣ дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор дошт, моҳи июн дар ноҳияи Панҷ дастгир шуд. Таҳқиқи парвандаи ӯ идома доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG