Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад: "Бо шӯришиён муколама намекунем"


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, мегӯяд, бо шӯришиён ҳеҷ муколамаи сиёсӣ намешавад ва хост, ки ба мухолифон "бо мушти оҳанин зарба бизананд." Башор Асад дар ин бора шоми якшанбе зимни ифторе дар шаҳри Димишқ сухан гуфт. Раиси ҷумҳури Сурия, шӯришиёнро “террорист” номид ва гуфт, “ҳеҷ одами солимақл фикр намекунад, ки бо терроризм аз роҳҳои сиёсӣ бояд бархӯрд кард”. Ӯ Шӯрои Миллии Нерӯҳои Инқилобӣ ва Мухолифони Сурияро як созмони нокоме хонд, ки ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ нақше дар ҳалли бӯҳрони Сурия иҷро карда наметавонад. Башор Асад афзуд, муноқишаи Сурия замоне рафъ хоҳад шуд, ки терроризмро нобуд кунанд. Ба қавли ӯ, Сурия бояд тасмим бигирад, ки “кишваре бо ҳокимияти қонун бошад ва ё кишваре, ки қудраташ дар дасти дуздону роҳзанон хоҳад буд. “ Дар ҷанги шаҳрвандии беш аз дусолаи Сурия бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG