Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "ошӯбгарон" дар Туркия эълон мешавад


Қарор аст, имрӯз додгоҳи Туркия, нахустин ҳукм дар парвандаи 275 нафареро эълон кунад, ки ба талош барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд. Дар байни мутаҳҳамон, Илкар Басбуг, фармондеҳи собиқи артиш, афсарону ҳуқуқдонон, академикҳо ва хабарнигорони турк ҳам ҳастанд. Ҳамаи онҳо ба “узвият дар созмони террористӣ” бо номи Эргенекон ва эҷоди ноамнӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва барангехтани ошӯби мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ муттаҳам мешаванд, ки ин ҳизб решаҳои исломӣ дорад. Маҳалли додгоҳ дар шаҳри Силиври дар наздикии Истанбулро, маъмурони амниятӣ иҳота карда ва барои муҳофизати он садд гузоштаанд. Мухолифони давлати Туркия, муҳокимаро маҳкум намуда ва онро саъйи ҳукумат барои хомӯш кардани мунтақидони ҳукумат хондаанд.
XS
SM
MD
LG