Пайвандҳои дастрасӣ

Сафоратҳои Амрико то 10 август баста мемонанд


Ҳукумати Амрико мегӯяд, бо назардошти эҳтимоли хатароти террористӣ 19 сафорат ва консулгариҳояш дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо то рӯзи 10 август баста мемонанд. Кохи Сафед гуфтааст, баста мондани сафоратҳо вокуниш ба таҳдидҳои нав нест, балки эҳтиёт ба хотири “ҳушдорҳои зиёде” аст. Вале вакилони мардумии Амрико, ки доир ба хатароти ҳамалоти эҳтимолии шабакаи террористии Ал-Қоида дар моҳи август аз маъмурони амниятӣ гузориш гирифтаанд, гуфтаанд, ки доир ба ҷиддитарин таҳдидҳо баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 гузориш шуниданд. Бритониёву Фаронса гуфтаанд, ки сафоратҳояшон дар Яман то рӯзи Иди Рамазон, яъне 8 август баста мемонад. Ин тадобири амниятӣ баъд аз он андешида мешавад, ки тайи як моҳи гузашта, садҳо ҷангҷӯи Ал-Қоида аз зиндонҳои 9 кишвар, аз ҷумла Ироқу Либия ва Покистон фирор карданд.
XS
SM
MD
LG