Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Бо Эрон бо забони такрим сухан бигӯед


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Баъд аз адои савганд рӯзи якшанбе ба таври расмӣ давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нави Эрон оғоз ёфт. Ин маросим дар порламони Эрон дар ҳузури вакилон ва ҳайатҳои намояндагии бештар аз 50 кишвари хориҷӣ анҷом гирифт.

Оқои Рӯҳонӣ зимни суханони худ бо назардошти таҳримҳои зидди Эрон хитоб ба кишварҳои Ғарбӣ гуфт, ки на бо забони таҳрим, балки бо забони такрим ё эҳтиром бо Эрон гуфтугӯ кунанд.

“Ба сироҳат мегӯям, агар посухи муносиб мехоҳед, на бо забони таҳрим, ки бо забони такрим бо Эрон сухан бигӯед”.

Дар ин маросим дар миёни меҳмонони хориҷӣ Ҳавиер Солана-собиқ масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Афғонистон, Қазоқистону Туркманистон ва Покистон ҳузур доштанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин мақом маҳмуди Аҳмадинежодро, ки ду давра, яъне 8 сол раёсати ҷамҳуриро бар уҳда дошт, иваз кард. Рӯҳонӣ дар интихоботи моҳи июни раёсати ҷумҳурӣ баранда шуд.
XS
SM
MD
LG