Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар Маскав куштаанд


Бино ба хабари матбуоти Русия, ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро дар назди дарвозаи муҷтамаи тиҷоратии Южнопорти Маскав пайдо кардаанд. Бино ба ин хабар қотилон ба вай ду корд задаанд.

Як манбаъ ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфтааст, касе соати 3:20 шабона ба онҳо занг задааст ва хабар додааст, ки дар назди хонаи шумораи 13 кӯчаи Шарикоподшипниковская ҷасадеро пайдо кардаанд.

Пулис ба маҳали ҳодиса шитофтааст ва баъд аз расидагӣ ба ҷасад маълум шудааст, ки марди кушташуда сокини 32 солаи Тоҷикистон будааст. Захми корд дар гардану тахтапушти ин мард намудор будааст.
XS
SM
MD
LG