Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тунис пулис тундрави исломиро дар амалиёте ба қатл расонд


Мақомоти интизомии Тунис мегӯянд, ки нируҳои амниятӣ дар ҷараёни амалиёте як шахси гумонбар ба тундрави исломиро кушта, 5 нафари дигарро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷаи Тунис, субҳи рӯзи якшанбе нируҳо дар як маҳаллаи ҷанубии наздик ба пойтахт дар хонае амалиёт анҷом додаанд. Дар ин хона тундравҳо паноҳ бурда буданд. Ҳукумати Тунис аз исломиҳои ислоҳталаб иборат аст ва онҳо беш аз пеш ба даъватҳо дар бораи истеъфо рӯ ба рӯ шудаанд.

Баъд аз суиқасд ба ҷони як сиёсатмадори мухолифон дар 25 июл мухолифон тақозо доранд, ки ҳукумат ба истеъфо равад. Аз он рӯз то ба ҳол дар кӯчаву хиёбонҳо тазоҳуроту раҳпаймоиҳои рақибонаи ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифони он барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG