Пайвандҳои дастрасӣ

Дар селобҳои Афғонистон даҳҳо нафар қурбон шудаанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки амалиёти наҷот дар Кобул ва вилоятҳои шарқии ин кишвар анҷом гирифтааст. Дар ин манотиқ селобҳои шадид ҷорӣ шудааст ва даҳҳо нафар дар ин офати табиӣ ҷон додаанд.

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки дар амалиёти наҷот тақрибан 500 нафар низомиён ширкат карданд. Чархболҳои низомӣ 225 нафарро аз маҳаллоти офат интиқол додаанд.

Боронҳои шадид ва жола сабаби ҷорӣ шудани селоб дар баъзе аз маҳаллоти Кобул, вилоятҳои Хуст, Кунар, Пактиё ва Нангарҳор шудааст.

Рӯзи шанбе танҳо дар вилояти Нангарҳор 19 нафар қурбони селоб шудаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Бино ба гуфтаи мақомот, то ҳол чандин нафари дигар бедарак мебошанд. Дар Покистон низ дар чунин офат 17 нафар кушта шудаанд.


Ҳавошиносон мегӯянд, ки бориши боронҳои шадид дар минтақа ду ҳафтаи дигар идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG