Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ дар мавқеи худ боқӣ мондаанд


Ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср рӯзи якшанбе гуфтанд, ки онҳо пофишориро барои барқарор кардани Мурсӣ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ идома медиҳанд.

Ин эъломия гувоҳӣ медиҳад, ки исломгароёни Миср баъд аз мулоқоти рӯзи шанбе бо Виллиям Бурнз-муовини вазири корҳои хориҷии Амрико низ дар мавзеъгирии худ боқӣ мондаанд.

Боздиди намояндаи Амрико дар ҳоле сурат гирифт, ки пештар аз вай Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷии Олмон аз Миср боздид карда буданд ва мехостанд ҷонибдорони Муҳаммад Мурсиро бо ҳукумати бар сари кор овардаи низомиён оштӣ диҳанд.

Аммо Ҳизби Озодӣ ва Адолати Ихвонулмуслимин рӯзи якшанбе дар эъломияе гуфт, онҳо тасмим гирифтаанд, ки “қонун, яъне баргардонидани раиси ҷумҳур”-ро таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG