Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ нахустин таъиноти дафтари худро эълон мекунад


Муҳаммад Наҳавандиён
Муҳаммад Наҳавандиён
Матбуоти давлатии Эрон рӯзи якшанбе хабар дод, ки Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нави ин кишвар Муҳаммад Наҳавандиён-тоҷири дар Амрико таҳсилдидаро раиси дафтари худ таъйин кардааст. Наҳавандиён 58 сол дорад ва дар донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико рисолаи доктории худро ҳимоя кардааст.

Вай аз соли 2010 ба ин сӯ раёсати Утоқи тиҷорат, саноат ва маъодани Эронро бар уҳда доштааст. Хабаргузории расмии IRNA гузориш додааст, ки Рӯҳонӣ баъд аз чанд соати мулоқот бо оятулло Хоманеӣ Наҳавандиёнро ба ин мақом таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG