Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳои амниятӣ ва баста шудани намояндагиҳои дипломатӣ


Кохи Сафед

Кохи Сафед

Мақомоти баландпояи Кохи Сафеди Амрико дар мулоқоте нигарониҳои террористиро баррасӣ карданд. Вашингтон дар бораи сафари шаҳрвандонаш дастуре содир кардааст ва муваққатан намояндагиҳои дипломатии худро дар ҷаҳони ислом бастааст.

Мулоқоти Кохи Сафед дар ҳоле баргузор шуд, ки пулиси байналмиллалӣ ё интерпол дар саросари ҷаҳон омодагии амниятӣ эълон кард, зеро садҳо нафар тундравони Ал Қоида дар давоми як моҳи гузашта аз зиндонҳо фирор кардаанд. Фирор аз зиндонҳо дар 9 кишвар сурат гирифтааст, аз ҷумла дар Ироқу Лубнон ва Покистон.

Барак Обама-раиси ҷумҳур дар ин мулоқот ширкат надошт, вале баъд аз мулоқот дар бораи он ба вай гузориш доданд. Дар мулоқот Сусан Райс-мушовири амнияти миллӣ, Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷӣ, Чак Ҳегел-вазири дифоъ ва Ҷанет Наполитано-вазири корҳои дохилӣ ширкат доштанд.

Дар 17 кишвар намояндагиҳои дипломатии Амрико рӯзи якшанбе баста шуданд ва чанд рӯз баста боқӣ мемонанд. Олмону Британия дар Яман ва Канада дар Бангладеш намояндагиҳои дипломатии худро муваққатан бастанд.
XS
SM
MD
LG