Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Тимошенко хостори муолиҷаи модараш шуд


Евгения Тимошенко
Евгения Тимошенко
Евгения Тимошенко-духтари Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина тақозо кардааст, ки модараш дар хориҷ ба кӯмакҳои тиббӣ дастрасӣ пайдо намояд. Евгения рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо бахши украинии радиои Озодӣ гуфт, ки модараш фавран ба ҷарроҳӣ ниёз дорад ва чунин ҷарроҳӣ аз тарафи пизишкони мустақил танҳо дар хориҷ аз Украина имконпазир аст.

5 август дуввумин солгарди боздошти Юлия Тимошнко аст ва духтараш дар остонаи ин солгард гуфт, ки бар асоси қонунҳои Украина модараш ба ин муолиҷа ҳақ дорад.
Тимошенко 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ин ҳукми Тимошенко ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG