Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросимҳои савганди Рӯҳонӣ дар Теҳрон оғоз шудааст


Маросимҳои марбут ба ин савганди Ҳасан Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳури нави Эрон дар Теҳрон оғоз ёфтааст. Вай бо оятулло Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон мулоқот мекунад.

Тибқи Қонуни Асосии Эрон фаъолияти чаҳорсолаи Рӯҳонӣ бо дарёфти ризояти Хоманеӣ оғоз мешавад. Интизор меравад, ки Хоманеӣ мухтасар саханронӣ кунад.
Маълум нест, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ё Маҳмуди Аҳмадинежод, ки давраи раёсаташ бо ин маросим ба поён мерасад, рӯзи шанбе суханронӣ кунанд.

Интизор меравад, Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маросиме бо ҳузури аъзои Маҷлис ё порламони Эрон ва меҳмонони хориҷӣ аз 52 кишвар раёсаташро оғоз кунад. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG