Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар маросими савганди президенти Эрон ҳузур меёбад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 4 август дар Теҳрон дар маросими савганди Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон ҳузур хоҳад ёфт. Вай субҳи 4 август озими Теҳрон мешавад.

Алӣ Асғари Шеърдӯст-сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҷараёни боздиди Раҳмон аз Теҳрон нахустин мулоқоти вай бо Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нав дар назар гирифта шудааст.

Баъд аз инқилоби исломии соли 1979 бори аввал барои ширкат дар маросими савганди раиси ҷумҳури Эрон ҳайатҳои хориҷӣ даъват мешаванд. Қарор аст дар ин маросим ҳайатҳо аз 52 кишвар ҳузур ёбанд.
XS
SM
MD
LG