Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон ва Британия дар Яман муваққатан намояндагиҳои худро мебанданд


Олмон ва Британия мегӯянд, ки онҳо муваққатан намояндагиҳои дипломатии худро дар Яман мебанданд. Лондон ба шаҳрвандони Британия ҳушдор додааст, ки Яманро тарк кунанд. Бими он меравад, ки афроди Ал Қоида дар он ҷо даст ба ҳамлаҳои террористӣ зананд.

Интизор меравад, ки Амрико низ рӯзи якшанбе ва рӯзҳои баъдӣ 21 намояндагии дипломатии худро дар 17 кишвари мусулмоннишин бибандад.

Вашингтон дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои Ал Қоида дар моҳи август ҳушдор додааст. Дар ин ҳушдор ҳамчунин омадааст, ки имкон дорад, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва дар маҳаллоти иқомату истироҳати сайёҳон низ чунин ҳамлаҳо сурат бигирад.

Қонунгузорони Амрико мегӯянд, ин ҳамлаҳоро зоҳиран гурӯҳҳои Ал Қоидаи Яман анҷом медиҳанд. Вазорати хориҷаи Амрико низ мегӯяд, имкони ҳамла дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG