Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрифи баёнияи Рӯҳонӣ баҳсу ҷадал барангехт


Хабаргузориҳои Эрон бо зикри як баёнияи Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби ин кишвар дар бораи Исроил, баҳсу ҷадале барангехтанд. Хабаргузориҳои нимарасмии ИСНА ва Меҳр, аз қавли Ҳасани Рӯҳонӣ навиштанд, ки “Режими саҳюнистӣ, солҳост, як захме дар бадани дунёи ислом аст ва бояд аз байн бурда шавад.” Аммо онгуна ки аз сӯҳбаташ бармеояд, Рӯҳонӣ чунин чизе нагуфтааст: “Дар минтақаи мо захме солҳост бар бадани дунёи ислом нишастааст, дар сояи ишғоли сарзамини муқаддаси Фаластин ва Қудси азиз.” Дар вокуниш ба гузоришҳои аввал, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки баёнияҳои Рӯҳонӣ “чеҳраи ҳақиқии” раиси ҷумҳури мунтахаби Эронро нишон дод. Чанде баъд, телевизиони давлатии Пресс ТВ-и Эрон гуфт, ки хабаргузориҳо, баёнияҳои Ҳасан Рӯҳониро таҳриф кардаанд. Рӯзи 2 август, Рӯзи Байналмилалии Қудс аст ва дар он мардуми теъдоде аз кишварҳо бо нишони ҳамраъйии худро бо фаластиниён нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG