Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди қирғиз дар Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як шаҳрванди Қирғизистонро ҳангоми фурӯши 13 кило маводи тарканда боздошт кардаанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ навиштааст, ки шаҳрванди 26-солаи кишвари ҳамсояро кормандони раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфти вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир кардаанд. Доир ба навъи маводи тарканда чизе нагуфтаанд, аммо 60 абзори лозим барои ба кор андохтани моддаҳои тарканда аз ин фард мусодира шудааст. Таҳқиқ дар ин замина идома дорад.
XS
SM
MD
LG