Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти тарафдорони Мурсӣ вусъат мегирад


Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, бар рағми дастури пулис барои тарки ду ӯрдугоҳашон дар шаҳри Қоҳира, дар як ҷойи дигар шаҳр низ хайма задаанд. Тазоҳургарон рӯзи ҷумъа дар як маҳалли наздик ба фурудгоҳи Қоҳира ба хаймазанӣ пардохтанд. Рӯзи ҷумъа маъмурони пулис барои пароканда кардани гурӯҳе аз тазоҳургарон, ки хостанд, қароргоҳи чанд телевизион дар шаҳри Қоҳираро ишғол кунанд, гази ашковар ба кор бурд. Исломгароёни тарафдори Мурсӣ баъди намози ҷумъа, ба сафи тазоҳургарони дигаре пайвастанд, ки як моҳи расо аст, дар назди масҷиди Робия ал-Адавия хайма задаанд. Артиши Миср рӯзи 3 июл ба думболи тазоҳуроти азим, раиси ҷумҳури исломгаро Муҳаммад Мурсиро аз мақомаш барканор кард. Дигар ин ки Вилям Бурнс, муовини вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба Қоҳира омада ва рӯзи шанбе бо Набил Фаҳмӣ, вазири муваққати умури хориҷии Миср мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG