Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи "ғайриинтизори" Ҷон Керрӣ ба Покистон


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, кишвараш ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин алайҳи тундравони исломӣ дар Покистон “ба ҳамин зудиҳо” хотима хоҳад дод. Ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони Покистон гуфт, Амрико истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Покистон бас мекунад, “зеро аксари таҳдидҳоро аз байн бурдааст.” Аз ин пештар Ҷон Керрӣ дар Исломобод иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Покистон саъй доранд, масоили “нороҳаткунанда” дар ҳамкориҳояшонро рафъ кунанд. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар мулоқот бо Ҷон Керрӣ хостааст, ки Амрико чунин ҳамлаҳоро бас кунад, зеро ин кор беэътиноӣ ба истиқлолияти Покистон аст. Аммо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, моҳи май гуфта буд, бо тарки Афғонистон кардани нерӯҳои амрикоӣ дар охири соли 2014, зарурат ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар саҳнаи ҷанги Афғонистон камтар хоҳад шуд, на ин ки комилан хотима хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG