Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи гази ашковар алайҳи тазоҳургарони Миср


Пулиси Қоҳира рӯзи ҷумъа дар талоше барои пароканда кардани тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср аз гази ашковар истифода бурд. Муноқиша ҳангоме шурӯъ шуд, ки тарафдорони Мурсӣ, ҳушдори пулис барои тарки урдӯгоҳашон дар майдони Робия ал-Адавияро нодида гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Миср рӯзи ҷумъа эълом кард, ки Вилям Бурнс, муовини вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба Қоҳира омада ва рӯзи шанбе бо Набил Фаҳмӣ, вазири муваққати умури хориҷии Миср, мулоқот мекунад. Сухангӯи вазорат гуфт, маълум нест, ки Вилмя Бурнс бо генерал Абдулфаттоҳ ал-Сиси, фармондеҳи артиши Миср ва дастандаркори барканории Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи гузашта мулоқот мекунад, ё на. Муҳаммад ал-Бародаӣ, муовини раиси ҷумҳури муваққати Миср рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае гуфт, генерал Ал-Сиси медонад, ки бӯҳрони Миср бояд аз роҳи сиёсӣ ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG