Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти Маскав рӯзи муҳоҷиронро сиёҳ кард


Нерӯҳои махсус ва маъмурони милисаи Русия намоишкорона бо муҳоҷирон бадрафторӣ мекунанд.
Нерӯҳои махсус ва маъмурони милисаи Русия намоишкорона бо муҳоҷирон бадрафторӣ мекунанд.

Барои муҳоҷирони корӣ дар Русия гаштан осон набуд, баъди амалиёти "поксозии унсурҳои ҷиноӣ зиндагӣ барояшон сахттар шудааст.

Бархӯрди бераҳмона ва намоишкоронаи маъмурони ғӯлпайкари Русия бо муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёнро, ба шабехун алайҳи душмане монанд кардаанд, ки ҳамеша ба Русия бадӣ мекунад. Видеову аксҳои ин гуна бархӯрдро бе ҷустӯҷу ҳам дар расонаҳои Русия меёбед ва мебинед, ки чӣ гуна аз пою дасти муҳоҷирон гирифта дур меандозанд, бераҳмона ба замин мехобонанд ва бо онҳо мисли рама рафтор мекунанд.

Тайи чанд рӯзи ахир дар маъракаи ба гуфтаи мақомоти Русия “поккории Маскав аз унсурҳои ҷиноӣ” тақрибан 5 ҳазор муҳоҷирро тафтиш ва бештар аз 1300 муҳоҷири ғайриқонунӣ пайдо кардаанд. Ин маъракаи шабеҳи ҷанг дар бозорҳову сохтмону кӯчаву хиёбонҳои Маскав баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи 27 июл дар бозори Матвеевский, як шаҳрванди қафқозтабори Русия, зимни муқовимат ба афсари пулис, сари ӯро дар пеши ду ҳамкори дигараш зада шикаст.

Имрӯзҳо маъмурони милиса ва нерӯҳои махсуси Русия ба бозору сохтмонҳо мераванд ва аз "қаҳрамониҳои" худ гузориш медиҳанд, ки чанд нафарро дастгиру бозпурсӣ кардаанд ва чанде аз онҳо бояд аз кишвар ронда шавад. Маҳмуд Каримов, муҳоҷири тоҷик яке аз онҳоест, ки ба дасти маъмурони милиса афтодааст:

“Омаданд, тафтиш карданд, гапҳои бемаъниву бисёр гуфтанд, приехали понаехали, моро безор кардед, равед ба ватанатон.”

Муҳоҷири дигар аз Ӯзбакистон, ки дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, рафтори маъмурони ОМОН-и Русияро ғайриинсонӣ номид ва гуфт, ки бо онҳо мисли роҳзан рафтор кардаанд:

“Соати панҷи бегоҳ 150 маъмури ОМОН омада, маҳалли сохтмонро иҳота карданд. Панҷоҳ нафарашон санадҳои ширкатро тафтиш мекард, бақия коргарони сохтмонро. Қариб 2000 коргари сохтмонро калтаккӯб карданд ва мисли чорво ронданд. Бачаҳо як рӯз пеш маош гирифта буданд, дар инҷо аз 800 то 1000 доллар маош медиҳанд. Онҳоро зада пулашонро мегирифтанд, баъзеҳоро ки аз ОМОН мегурехтанд, паспортҳояшонро пора мекарданд. Ингуна ҳодисаҳо ҳам буд. "

Зоҳиран аз ингуна ҳодисаҳо бисёр хоҳад шуд, зеро ба гуфтаи раёсати умури дохилии шаҳри Маскав, амалиёти “поккорӣ аз унсурҳои ҷиноӣ” то чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард. Амалиёт алайҳи муҳоҷирону аққалиятҳои миллиро сиёсатшиноси рус Дмитрий Орешкин шабеҳи амалкарди фашистҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ медонад. Ӯ дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт:

"Ин вокуниш, бисёр ба шабехун монанд аст. Мисли он ки фашистҳо агар мефаҳмиданд, ки дар деҳае партизанҳо шабашонро рӯз кардаанд, он деҳаро яксара нобуд мекарданд. Шеваи маданӣ он аст, ки нафари гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд. Агар талош барои таҷовуз ба номус буд, пас як инсони алоҳида гунаҳкор аст, ӯро бояд дастгир кард, ба дасти қонун дод ва ба зиндон фиристод. Вале ба ҷойи ин мо поккории комилро мебинем. Се ҳазор нафарро пайдо кардаанд, барояшон
сохтаанд ва чунин усулҳои тарсонданро намоиш медиҳанд.“

Ба гуфтаи Дмитрий Орешкин ҳукумати Русия аз ин роҳ мехоҳад нишон бидиҳад, ки дар андешаи ҳалли мушкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст ва дуввум бояд аққалиятҳои қафқозро то мурдан битарсонад, ки лаҷоми бачаҳояшонро бикашанд. Ҳарчанд ба гуфтаи Дмитрий Орешкин олудагии мақомоти милисаи Русия ба фасод, вазъро то инҷо расонидааст, ки маъмури милисаро дар пеши чашми ҳамкоронашон мезананд ва онҳо ҳам ҳеҷ парво надоранд.

Елена Ганушкина ҳомии шинохтаи ҳуқуқ дар Русия, амалкарди маъмурони милисаро ба ҳамлаи як гурӯҳи роҳзанон ба роҳзанони дигар монанд мекунад. Ӯ меафзояд, ҳосили ин амалиёт барои худи Русия дарди сар эҷод карда ва боиси авҷ гирифтани дарди кӯҳнаи ҷомеа, яъне бегонаситезӣ хоҳад шуд:

“Оқибатҳои онро мо аз ҳоло мебинем. Ин бори аввал нест, дар мо ҳамачиро маърака мекунанд. Соли 2006 бинобар муноқишаи Русияву Гурҷистон мо маъракае алайҳи гурҷиҳо ба роҳ андохтем. Дар он вақт шаҳрвандони Русияро дар кӯча дошта, шиносномаҳояшонро пора мекарданд. Чанд нафар ҳам кушта шуд. Аз ин амалиёт ҳеҷ чизи хуб ҳосил намешавад, баръакс, бегонаситезӣ дар ҷомеаи мо бештару бештар мешавад. “

Дар воқеъ баъди шурӯъи амалиёти боҳаёҳу дар Маскав миллатгароёни рус ҳам фаъол шуданд ва аз ҷумла дар шаҳри Санкт Петербург ба тоҷирони бозорҳо дарафтода, дӯконҳои меваву сабзавоти онҳоро хароб карданд. Ба гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи “Сова” дар Русия ҳангоми ин бедодгарии миллатгароённерӯҳои ОМОН ҳузур доштаанд ва ҳеҷ дахолате ҳам накардаанд. Ба гуфтаи “Сова” танҳо дар моҳи июл дар Русия 2 нафар ва аз аввали сол 8 нафар аз дасти миллатгароён кушта шудаанд. Онгуна ки як муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дар саҳифаи Одноклассники навиштааст, "дар Маскав гаштан осон набуд ва баъди шурӯъи маъракаи “поксозии унсурҳои ҷиноӣ” зиндагӣ дар инҷо барояшон сахттар шуд."

Барои муҳоҷирони боздоштшуда аз хаймаҳо як урдӯгоҳе сохтанд, ки ваколатдори ҳуқуқи башари Русия вазъи онро бад арзёбӣ кардааст. Аксҳои урдӯгоҳ инҷост.

Аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш мекунем, ки агар аксу видео аз ин амалиёт бардоштаанд, ба Радиои Озодӣ бифристанд. Кори сахте нест, кофист ба ин сафҳа биравед ва аксу видеои худро ба мо ирсол кунед
XS
SM
MD
LG