Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтаҳои Ҳасани Рӯҳониро таҳриф кардаанд


Хабаргузориҳои эронӣ дар робита ба изҳороти раисиҷумҳури тозаинтихобшуда Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи Исроил иттилои зиддунақиз нашр кардаанд. Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа, ки дар Эрон ва бархе кишварҳои исломӣ чун Рӯзи Қудс қайд мешавад, дар ҷамъи мардум дар Теҳрон суханронӣ кард. Хабаргузорҳои ИСНА ва Меҳр гуфтаҳои Рӯҳониро овардаанд, ки “режими саҳюнистӣ солҳои тӯлонӣ як доғ дар бадани ҷаҳони ислом буд ва ин доғ бояд аз байн бурда шавад”. Аммо баъдан навори видеоӣ нашр шуд, ки аз он бармеояд, Рӯҳонӣ ибораи “ин доғ бояд аз байн бурда шавад”-ро истифода накардааст.

Баъд аз нашри хабари аввал нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху эълом дошт, ки Рӯҳонӣ чеҳраи аслии худро намоиш дод.

Шабакаи телевизионии англисзабони Пресс-ТВ эълом дошт, ки расонаҳои хабарии гуфтаҳои Ҳасани Рӯҳониро таҳриф кардаанд.

Рӯзи Қудс – рӯзи ҳамдилӣ бо мардуми Фаластин ҳамасола дар Эрон дар охирин рӯзи ҷумъаи моҳи Рамазон бо баргузории ҳамоишҳои сериздиҳом мегузарад.
XS
SM
MD
LG