Пайвандҳои дастрасӣ

"Полвонтуғай" - мавзеъе дар байни навоҳии Ҷиликӯлу Қубодиёни Хатлон - агар дар гузашта биёбонеро мемонд, ҳоло дар садҳо гектараш боғи меваю мамнуъгоҳи паррандаҳо бунёд шудааст.

Ин таҷрибаи камназир дар минтақаи гарму беобе дар канори мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" амалӣ шуда, тайи як соли охир қариб дар 60 гектар замини ин беша боғи зардолу, шафтолу ва бодом бунёд ёфт. Сокинони ангуштшумори ин мавзеъ дар гузашта танҳо тавассути чорводорӣ ва шикор рӯз мебурданд, аммо бо таъсиси хоҷагии нави деҳқонии «Шикорчӣ», ин ҷо ба мавзеи сабз табдил ёфта, заминаш ҳосилхез шуд.

Зиёдулло Ашӯрмадов, кишоварзи маҳаллӣ, мегӯяд: «Ин ҷо заминҳо пурра бекор хобида буданд. Бо дастгирии саҳмдорони хоҷагӣ онро гирифта, боғ кардем. Ҳоло 58 гектар боғ ба ҳосил даромадааст».

Баъди азхудкунии майдонҳои ҳамвори киштбоб, инчунин дар 220 гектар замини ин ҷо пумбадона кишта шуд. Зиёдулло Ашӯрмадов меафзояд, бунёди боғу ҳосилхез шудани замин дар ин мавзеъи биёбонӣ осон даст надодааст. Бо кӯмаки мардум аз масофаи 8 километр роҳ ба мавзеъҳои ташналаби «Полвонтуғай» об оварда шудааст.

Маҳмадраҳим Ҷӯраев, раиси ҷамоати ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён.

Маҳмадраҳим Ҷӯраев, раиси ҷамоати ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён.

«Ба воситаи насосҳо аз дарё об овардем. Насоси якум аз 8 километр масофа об мекашад. Боз дуто ҳамин хел насосҳои обкаш насб кардам, ки об ба «Полвонтуғай» бирасад», - афзуд З. Ашӯрмадов.

Ҳоло ин хоҷагии деҳқонӣ дар «Полвонтуғай» қасд дорад, ки дар ин мавзеъ 50 манзили зист бунёд карда, ба он хонаводаҳои ниёзмандро аз манотиқи дигари Тоҷикистон даъват намояд.

Маҳмадраҳим Ҷӯраев, раиси ҷамоати ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, то як сол пеш шумораи сокинони майдони нопайдоканори ин водӣ ангуштшумор буданд, аммо бо даъвати оилаҳо дасти корӣ ҳам афзун гардида, имкони тавсеаи умури кишоварзӣ дар ин мавзеи навобод фароҳам хоҳад омад.

«Аз ҳисоби худи ҳамин хоҷагӣ 50 хона сохта шуда, ба ҳамон шаҳрвандоне, ки аз даъвати мо истиқбол мекунанд, тақдим мешавад. Мақсад ин, ки дар ҳамин ҷо деҳаи нав бунёд шавад ва ҳамин минтақаи заминаш киштбоб бо дасти мардум гул кунад. Дар ин минтақа беш аз 20 сол аст, ки дасти одам нарасидааст. Замин ба ғамхорӣ ниёз дорад, агар ғамхорӣ кунӣ, кор кунӣ, замин ба зар баробар аст. Ҳама сарватманд мешавад. Аз ҳисоби ҳамин боғи мева ва дигар зироатҳои киштшуда зиндагии шоиста хоҳанд дошт онҳое, ки ба ин ҷо меоянд», - афзуд М. Ҷӯраев.

Дар мавзеи «Полвонтуғай» ҳамчунин дар масоҳати 500 гектар мамнуъгоҳи сунъии паррандаҳоро ташкил карданианд. Бо ин ҳадаф Озмоишгоҳи махсуси парвариши чӯҷаи кабку мурғи даштӣ таъсис дода шуд. Дар ин озмоишгоҳ ба таври сунъӣ ҳазорҳо адад аз ин паррандаҳо парвариш ёфта, ба табиат сар дода шуданд. Имом Файзиев, мутахассиси озмоишгоҳи мазкур гуфт, ки фанноварӣ ва тухми паррандаҳо аз Амрико дастрас карда шудаанд.

«Ҳоло мо 400 дона чӯҷаи кабк, 350 дона мурғи даштӣ (Фазан), ҳамчунин беш аз 500 адад мурғи маҳаллии хонагиро парвариш карда истодаем. Бузург, ки шуданд, онҳоро дар ҳамин мамнуъгоҳи навташкил сар медиҳем. Дар оянда шояд ҳайвоноти нодирро ҳам ба ҳамин мавзеъ биёрему парвариш кунем. Паррандаҳо ва ҳайвонот ҳар қадар дар табиат зиёд шаванд, ҳамон қадар ободию зебоӣ мебошад».

Масъулони хоҷагии деҳқонӣ дар «Полвонтуғай» мегӯянд, ки ҳоло даҳҳо ҷойи кори холӣ барои ниёзмандон дар ин мавзеъ фароҳам аст ва барои тавсеаи боғдорию кишоварзӣ дасти корӣ намерасад. Аммо ба иддаои онҳо, солҳои наздик садҳо гектари дигар биёбони ин мавзеъ сабзпӯш гашта, имкони бо ҷойи кору зиндагии осоишта таъмин шудани ҳазорҳо нафар фароҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG