Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саманта Пауэр намояндаи ИМА дар СММ хоҳад буд


Сенати ИМА номзадии Саманта Пауэр ба мақоми намояндаи доимии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳидро пазируфт. Номзадии ӯ аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама пешбарӣ шудааст.

Хонум Пауэр то ин авохир ёвари вижаи Обама ва узви Шӯрои амнияти миллӣ буд ва дар Шӯро ба масоили ҳуқуқи башар ва созмонҳои байнулмилалӣ расидагӣ мекард.

Саманта Пауэр хабарнигор аст ва соли 2003 барои китоби “Мушкилот аз ҷаҳаннам: Амрико дар қарни наслкӯшӣ” барандаи ҷоизаи Пулитсер шуда буд.

Сюзан Райс, намояндаи ИМА дар СММ, мушовири раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG