Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламо рӯзи Иди Фитрро эълом кард


Раиси Маркази исломии шурои уламои Тоҷикистон эълом кард, ки панҷшанбеи 8 август дар Тоҷикистон Иди Фитр ё Рамазон таҷлил мешавад. Сайидмукаррам Абдуқодирзода, рӯзи ҷумъаи 2 август қабл аз барпоии намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе хитоб ба намозгузорон гуфт, ки бар асоси тасмими Шӯрои уламои Тоҷикистон, мардуми кишвар рӯзи панҷашанбеи 8-уми август аз Иди Фитр ё Рамазон таҷлил хоҳанд кард.Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, намози ид дар ин рӯз соати 7 - субҳ барпо мешавад ва ҳама масоҷиди ҷомеъ ин маросимро иҷро хоҳанд кард. Зимнан, моҳи мубораки Рамазон ба таърихи 9 июл оғоз шуда буд.
XS
SM
MD
LG