Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафоратҳои ИМА дар чанд кишвар муваққатан баста мешаванд


Сафоратҳои ИМА дар чанд кишвари мусалмонӣ рӯзи якшанбе 4 август бо далелҳои амниятӣ баста мешаванд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар Вошингтон намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Марӣ Ҳарф хабар дод. Ӯ аз номбар кардани кишварҳое, ки он ҷо сафорату консулгариҳои Амрико фаъолият нахоҳанд дошт, сарпечӣ кард. Аммо расонаҳои амрикоӣ навиштанд, гап сари он кишварҳои мусалмонӣ меравад, ки рӯзи якшанбе – рӯзи муқаррарии корист.

Ба иттилои шабакаи телевизионии ABC, рӯзи якшанбе сафоратҳои ИМА дар Миср, Ироқ, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Афғонистон, Бангладеш, Урдун, Яман, Арабистони саудӣ, Алҷазоир, Аморати муттаҳидаи Араб ва Либия баста хоҳанд буд.

Вазорати умури хориҷии ИМА дар бораи далелҳои баста шудани сафоратҳо ва таҳдиди чӣ гуна хатар ба онҳо иттилое надодааст. Марӣ Ҳарф фақат гуфт, вазорати хориҷӣ иттилое дастрас кардааст, ки бар пояи он чораҳои амниятӣ андешида шудаанд.

Гуфта мешавад, вобаста ба вазъият шояд дари ин сафоратҳо чанд рӯз баста боқӣ монад.
XS
SM
MD
LG