Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дебора Ҷеймс вазири нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА таъин мешавад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, номзадии Дебора Ҷеймсро ба мақоми вазири нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар пешбарӣ намуд. Хонум Ҷеймс дар ин мақом Майкл Донлиро иваз хоҳад кард, ки моҳи июн ба истеъфо рафт. Баъд аз пазируфта шуданаш аз сӯи Сенати ИМА хонум Ҷеймс аз занҳои ангуштшуморе хоҳад буд, ки дар раҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мақоми мулкиро соҳиб шудааст.

Айни ҳол Дебора Ҷеймс менеҷери аршади бузургтарин ширкати ҳамкори Пентагон ва хадамоти кашфи Амрико - Science Applications International Corporation мебошад. Ӯ аз соли 1993 то соли 1998 муовини вазири дифои ИМА буд.

Вазири нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА масъули ҳалли масоили ҳаррӯзаи ин нерӯҳо, таъмини молӣ ва робита бо ҷомеъа аст ва мустақиман ба вазири дифоъ итоат мекунад.
XS
SM
MD
LG