Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "Демократияи номуваффқ ё бозгашт ба авторитаризм"


Дар маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз, 2-уми август мизи гирд дар мавзӯи “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” доир гардид. Дар ин мизи гирд намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва рӯзноманигорону дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд. Абдуқаҳҳори Давлат, яке аз масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки иштирокчиён бештар перомуни воқеъаҳои охири ҷаҳони ислом изҳори назар карданд. Ба гуфти манбаъ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон перомуни демократия ва то куҷо ҳақиқат доштани демократия дар кишварҳо, хусусан кишварҳои арабӣ, ки чанде қабл бо “Баҳори арабӣ” рӯ ба рӯ буданд, суханронӣ намудааст. Оқои Кабирӣ зимни ишора ба ҳаводиси ахир дар бархе аз кишварҳо гуфт, раванд ва демократияе, ки имрӯз иддао мешавад, дар таҳаввулоти охири ин кишварҳо ғайридемократист. Оқои Кабирӣ ба гунаи мисол ҳаводис дар Мисрро намуна овард ки Муҳаммад Мурсӣ дар тӯли як соли фаъолияташ, яъне раисҷумҳур буданаш боре ба хушунат роҳ надод, нафаре аз тазоҳуроткунандагонро ба қатл нарасонид, аммо ин ҳукумати наве ки ба ном бо демократия ба сари қудрат омад , дар як ҳафта садҳо нафарро қатл ва садҳо нафари дигарро маҷрӯҳ намуд.

Интизор меравад мизи гирд то соати 13-и имрӯз идома ёбад ва иштирокчиёни он роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳшуда, саволу ҷавоб кунанд.
XS
SM
MD
LG