Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як фирорӣ дар Алмосӣ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани фирорие, ки дар ҳабси пешакӣ буд, хабар дод. Тибқи иттилои ин манбаъ, рӯзи 29 июл айбдоршаванда бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон Далер Ҷалолов, ки дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта мешудааст, ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ, аз бинои Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳраки Сомониён фирор кард. Дар пайи гузаронидани як қатор корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯдакӣ-1, Далер Ҷалолов рӯзи 1-уми август дар ҳудуди ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор дастгир шуд. Гуфта мешавад айни замон Далер Ҷалолов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG