Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори ҳукумати муваққати Миср ба ҳаводорони Мурсӣ


Вазорати умури дохилии Миср дар нахустин ҳушдор ба ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишвар аз онҳо хост ба гирдиҳамоии худ дар ду майдони Робиаи Адавия ва Ан-Наҳзаи Қоҳира поён диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, вазорати умури хориҷии Миср ваъда додааст, амнияти тамоми касонеро, ки гирдиҳамоиро тарк кунанд таъмин карда ва алайҳи ҳеҷ яке аз онҳо парванда боз нахоҳад шуд. Ин ҳушдор як рӯз пас аз он дода мешавад, ки давлати муваққати Миср ба вазорати умури дохилии ин кишвар барои поён додани тазоҳуроти ҳаводорони Мурӣ чароғи сабз нишон дод.

Давлати муваққати Миср дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи худ гирдиҳамоии ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро «таҳдиде барои амнияти миллӣ» хонд ва аз вазорати умури дохилии ин кишвар хоста буд, «ҳама роҳҳои лозимро барои поён додан ба ин таҳдид» рӯи даст бигирад.

Дар баёнияи вазорати умури дохилии Миср омадааст: "Аз ҳамаи касоне, ки дар майдониҳои Робиаи Адавия ва Ан-Наҳза ҳузур доранд, мехоҳем ақлро довар қарор дода ва манфиатҳои миллӣ ва салоҳи умумиро дар раъси авлавиятҳои худ қарор диҳанд ва барои амнияти ҳамагон, ҳар чи зудтар майдонҳоро тарк кунанд". Ин баёния афзудааст: "Ваъда медиҳем, амнияти тамоми касонеро, ки ба ин хоста посух медиҳанд, таъмин хоҳем кард".

"Эътилофи миллии ҳимоят аз машруият", ки гуруҳи «Ихвонулмуслимин» дар раъси он қарор дорад, ин ҳушдори вазорати умури дохилии Мисрро рад кард. Сухангӯи ин эътилоф ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст: «Ба майдоннишинӣ ва тазоҳуроти худ идома медиҳем.»

Дар ҳамин ҳол "Эътилофи миллии ҳимоят аз машруият" аз ҳаводорони худ хостааст, ки рӯзи ҷумъа ба эътирозҳои сартосари алайҳи ҳукумати низомӣ бипайванданд.

Муҳаммад Мурсӣ, моҳи гузашта аз сӯи артиш аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд. Ҳаводорони Мурсӣ барканории ӯро «кудато» медонанд ва таъкид мекунанд то замони бозгашти ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, ба эътирозҳои худ идома медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG