Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон нақши иқтисодии Русияро дар Тоҷикистон қабул дорад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки порламони кишвараш то тирамоҳи соли ҷорӣ қарордоди Русияву Тоҷикистон дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистонро ба тасвиб хоҳад расонд.

Эмомалӣ Раҳмон ин суханонро баъд аз мулоқоташ бо Владимир Путин дар Маскав изҳор дошт. Дар ин бора байни ду кишвар моҳи октябри соли 2012 қарордод имзо шуда буд. Моҳи май Думаи Русия онро ба тасвиб расонд. Вале то ҳол порламони Тоҷикистон онро ба тасвиб нарасондааст. Оқои Раҳмон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфт:

“Мо ҳамеша аз нақши фаъоли исқтисодии Русия истиқбол кардаем. Мо тавонистем ҳамкориҳои маваффақиятомези низомиву сиёсӣ барқарор кунем. Мо масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати корӣ ва беҳбуди шароити онҳоро барои баррасӣ муҳим медонем”.

Сергей Шойгу-вазири дифои Русия баъд аз мулоқот гуфт, Маскав ваъда додааст, ки 200 миллион доллар барои таҷдиди аслиҳаву техникаи артиши Тоҷикистон то соли 2025 кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG