Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Тоҷикистон аз Русия дар бораи сохтмони 4 ниругоҳ


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия баъд аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав гуфт, мизони сармоягузорӣ дар тарҳе барои ҷустуҷӯи нафт дар чоҳи “Шаҳринав” дар соли 2013 15 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Путин, ҳоло дар ин чоҳи дорои дурнамои хуб кор идома дорад.

Путин изҳор дошт, ки “Газпром” 40 дарсади ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба маводи сӯхтро таъмин мекунад. Вай дар бораи ҳамкориҳо дар бахши мухобирот сӯҳбат кард ва гуфт, ки пешниҳодкунандагони хадамоти телефонҳои ҳамроҳи Русия бо номи "Мегафон" ва "Би-лайн" дар муассисаҳои муштараки Тоҷикистон тақрибан 200 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Тоҷикистон аз Русия хостааст, ки дар сохтмони 4 ниругоҳи дорои тавоноии начандон бузург ширкатҳои Русия сармоягузорӣ кунанд.

Русия дар сохтмони ниругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда буд ва ҳоло 75 дарсади саҳмияи ин ниругоҳро дар ихтиёр дорад ва Тоҷикистон аз ин ниругоҳ миллионҳо доллар қарздор аст.
XS
SM
MD
LG