Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати хориҷаи Амрико Файзуллоевро баргузидаи моҳ эълон кард


Ҳотам Файзуллоев - шаҳрванди Тоҷикистонро “Баргузидаи моҳи августи барномаҳои табодули фориғуттаҳсилин”-и Амрико эълон кард.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Амрико эъломияе ба нашр расонд.

Ин бад-он маъност, ки дар давоми тамоми ин як моҳ Файзуллоев дар бахши тарбияи ҳусни тафоҳум ва таҳаммулпазирии мазҳабҳо дар сархатти торнамои “Табодули байналмиллалии фориғуттаҳсилин” қарор хоҳад гирифт. Ин барномаро ба таври расмӣ вазорати корҳои хориҷаи Амрико сармоягузорӣ мекунад. Ҳар моҳ ин вазорат ҷоизаи фориғуттаҳсилини беҳтаринро эълон мекунад.

Файзуллоев аз соли 2011 ба ин сӯ дар чаҳорчӯбаи Барномаи байналмиллалӣ барои беҳбуди вазъи мудоро ё таҳаммулпазирии мазҳабҳо дар Тоҷикистон корҳои шоистае ба субут расондааст.

Дар эъломияи дафтари сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико омадааст, ки Файзуллоев ба унвони як соҳибқалами чирадаст зуд-зуд дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи ҳамдигарфаҳмии мазҳабӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар бораи Амрико мақолаҳо ба нашр мерасонад. “Таҳаммулпазирии мазҳабӣ дар мактабҳои католикии Амрико”, “Исломи таҳаммулпазир дар Амрико” аз ҷумлаи мақолаҳои вай мебошанд. Вай ҳамчунин муаллифи китоби “Амрико ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” мебошад.

Файзуллоев дар соли 2011 роҷеъ ба “Мазҳаб, Мудоро ва ҷомеаи Амрико” дар Тоҷикистон конфронси густардае созмон дод. Ин конфронси бо кӯмаки молии сафорати Амрико дар Душанбе баргузор шуд ва дар он сафири Амрико ва чанд нафар аз баргузидаҳои Барномаи Байналмиллалӣ, шуморе аз имомхатибони масҷидҳо ва шогирдони мадорис ширкат ҷустанд.

Як сол баъд Файзуллоев дар Исфара бо раҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ конфронси дигареро дар бораи “Ҷилавгирӣ аз бунёдгароӣ ва дигар тандгароиҳои иҷтимоӣ дар миёни ҷавонон” баргузор кард.

Ҳотам Файзуллоев мегӯяд, “вақте, ки ман зиндагии мусулмононро бо чашми худ дар Амрико дидам, орзу кардам, ки дар кишварҳои дигар низ мусулмонон чун дар Амрико зиндагӣ кунанд. Дар Амрико касе онҳоро таъқиб намекунад ва ҷанг ҳам нест”.

Ҳотам Файзуллоев чун коршиноси аршади Кумитаи ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон барои тарбияи ҳамдигарфаҳмии ҷавонон низ дар ин кишвар кор мекунад. Вай ба Амрико низ сафар ва баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳамеша саъй кардааст барои таҳкими мудорои мазҳабӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG