Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Ҳумси Сурия 40 нафарро кушт


Бар асари таркиш дар анбори аслиҳа дар шаҳри Ҳумси Сурия дасти кам 40 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи Маркази Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, инфиҷор рӯзи панҷшанбе дар як анбори аслиҳаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи созмон, зоҳиран мушаки партобкардаи шӯришиён ба анбор бархӯрдааст. Чанд рӯз пеш аз ин нерӯҳои давлатии Сурия ноҳияи Холидияи вилояти Ҳумсро аз дасти шӯришиён гирифтанд. Ноҳияи мазкур ду сол дар тассаруфи шӯришиёне буд, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд.
XS
SM
MD
LG