Пайвандҳои дастрасӣ

Тими Ҳинд либоси навро дар бозӣ бо тоҷикон озмоиш мекунад


Тими миллии футболи Ҳинд дар бозии дӯстона бо тими Тоҷикистон бо либоси нав ва тавлиди ширкати маъруфи Найкро ба бар хоҳад кард. Расонаҳои Ҳинд менависанд, либосҳои нав 23 дар сад сабуктар 210 маротиба нармтар ва 28 дар сад қавитар хоҳанд буд. Ширкати Найк аз сарпарастони тими миллии Ҳинд аст ва то соли 2017 ин сарпарастиро идома хоҳад дод. Бозии дӯстонаи тими миллии Ҳинду Тоҷикистон рӯзи 14 август дар Деҳлӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG