Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи донишҷӯён дар Тоҷикистон имсол камтар мешавад


Таваҷҷӯҳи ҷавонони ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон кам шудааст.

1-уми август мавсими ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар ба поён расид ва акнун имтиҳонҳои қабул оғоз мешаванд. Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, имсол наздик ба 36 ҳазор нафар хостори таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо шуданд, ки назар ба соли гузашта якуним ҳазор нафар камтар аст. Ин коҳиш ҳанӯз наметавонад намоёнгари тамоюл номида шавад, аммо мушкили дарёфти ҷои кор ва даромади хуб баъд аз хатми мактаби олӣ яке аз сабабҳои асосии он ба шумор меравад.

Руҳафзо Солиева, хатмкунандаи ихтисоси барномасози компютери Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто дар факултаҳои ба истилоҳ серхаридор ҳамагӣ то 40 дарсади хатмкунандагон дар дохили кишвар ҷои кор меёбанд: «Масалан, барои ихтисоси мо ҷои кор хеле кам аст. Якчанд, ширкати мобилӣ ҳаст, ки ба он ҷо муроҷиат кардам, мегӯянд ҷои кори холӣ надорем. Хатмкунандагони факултаҳои энергетика аз мо дида бештар ҷои кор меёбанд дар нерӯгоҳҳои гуногун. Аммо ба мушоҳидаҳои ман аз ҳисоби ҳамонҳо низ танҳо 35 то 40 дарсадашон ҷои кор меёбанд. Боқимонда ба муҳоҷират мераванд».

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
Линки мустақим



Руҳафзо мегӯяд, бародарони хурдиаш бо дидани таҷрибаи талхи таҳсили вай пас аз хатми мактаб роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Чунки, ба ақидаи онҳо, дипломи мактаби олӣ дар Тоҷикистон дигар кафолати ҷои кор ва зиндагии шоиста нест.

Аммо Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мушкили наёфтани кор баъди хатми донишгоҳро як тасаввуроти ғалат мепиндорад: «Ҳоло дар байни донишҷӯён як стереотип паҳн шудааст, ки ҷои кор нест ва ба диплом ман чӣ кор мекунам. Дар аксари давлатҳои дунё донишҷӯ аз курсҳои аввал дар корхонаҳо бидуни музд ҳамчун волонтер кор мекунад. Мо ҳоло як маркази рақобатпазирии донишҷӯёнро таъсис додем, ки як мақсадаш аз байн буардани ҳамин стериотип аз байни донишчӯён аст».

Бо вуҷуди он, ки 35 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил мекунанд, аммо миқдори донишҷӯён дар қиёс бо дигар кишварҳои ИДМ ду маротиба камтар будаааст. Таввакал Маликов, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, дар Тоҷикистон ба ҳар 10 ҳазор нафар 188 донишҷӯ рост меояд ва дар қиёс бо кишварҳои ИДМ ду маротиба камтар аст.

Ҷаноби Маликов мегӯяд, бо ҷои кор таъмин кардани ҳамин миқдор донишҷӯёнро ҳам, ки макотиби олиро хатм мекунанд кори мушкил аст: «Пажӯҳишҳои баргузоркардаи Бонки ҷаҳонӣ нишон доданд, ки миёни ҷавонони соҳибкасб бекорӣ хеле камтар аст. Аммо аксар ҷавонони мо баъди хатми мактаби миёна хоҳиш ва ё имконияти таҳсил дар коллеҷу литсейҳои касбиро надоранд. Бинобар ин, мо ба вазорати маориф ҳоло супориш додаем, ки шурӯъ аз синфи 9 дар мактабҳои миёна омӯзиши касбҳои алоҳидаро ба роҳ монад».

Ҷаноби Маликов афзуд, бозори меҳнат дар Тоҷикистон ҳоло ба мутахасисони соҳаи илмҳои дақиқ бештар ниёз дорад ва кӯшиши давлат низ дар ин авохир кӯшиш дорад бештар инженеру технолог тарбия кунад, то ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ.

Камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба маълумоти олӣ, ба гуфтаи Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳи тиббии Тоҷикистон? сабаби коҳиши рақобат дар аксари донишгоҳҳо шудааст.

Ҳанӯз шумори дақиқи онҳое ки имсол аз донишгоҳҳои Тоҷикистон берун мешаванд, эълон нашудааст. Аммо ба иттиллои Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар соли 2012 ҳудуди 36 ҳазор нафар, аз ҷумла 7 000 нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ, мактабҳои олии кишварро хатм карданд. Вале аз он 7000 ба сабаби паст будани маош танҳо 60 дарсад барои тадрис ба мактабҳо рафтаву бақия дар роҳ аз донишгоҳ то мактаб “ғайб” задаанд.
XS
SM
MD
LG