Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲСДТ сомонаи худро зери нишонии нав фаъол кард


Шокирҷон Ҳакимов муовини раиси ҲСДТ рӯзи 1-уми уми август ба радиои Озодӣ гуфт, сомонаи ҳизб омода ва бо нишонаи http://hsdtaj.org/tj/ дар шабакаи ҷаҳонии интернет пахш шудааст. Вай меафзояд, ки то кунун барномаву изҳороти намояндагони ҲСДТ тариқи шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва расонаҳои дигар пахш мешуданд, акнун хоанандагон дар бораи ҳизб аз тариқи ҳамин сомона маълумот дастрас хоҳанд кард. Матолиби сомона ба бахшҳои алоҳида барои дарёфти маълумот оид ба раёсати ҳизб, барномаҳои он ва изҳоротҳо, тамос ҷудо шудаанд. Ҳизби Сотсиал демократии Тоҷикистон доир ба омодагиҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон як гушаи алоҳида таҳти унвони «интихобот» таъсис додаст. Дар гузашта ҳизби мазкур сомонаи интернетие дошт ва бо нишонаи hsdt.tj фаъол буд, аммо пас аз чанд муддат бинобар мушкилоти молӣ баста шуд. Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, ҳизб талош хоҳад кард, торнамои нав фаъол боқӣ монад.
XS
SM
MD
LG