Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ва Амрико дар талоши ҳалли масоили "нороҳаткунанда"


Ҷон Керру, вазири умури хориҷии Амрико ва Сартоҷ Азиз, мушовири умури сиёсати хориҷии ҳукумати Покистон зимни нишасти матбуотӣ дар Исломобод, 1-уми августи соли 2013.

Ҷон Керру, вазири умури хориҷии Амрико ва Сартоҷ Азиз, мушовири умури сиёсати хориҷии ҳукумати Покистон зимни нишасти матбуотӣ дар Исломобод, 1-уми августи соли 2013.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, кишвараш муколамаи стротегӣ дар масоили амниятӣ бо Покистонро аз сар мегирад.

Ӯ дар ин бора дар як нишасти хабарии муштарак бо Сартоҷ Азиз, мушовири умури сиёсати хориҷии ҳукумати Покистон дар шаҳри Исломобод сухан гуфт:
“Ончӣ ки имрӯз муҳим буд, азми Амрикову Покистон барои табдил додани робитаҳои ҳозира ба мушорикати комил аст ва ҳам ёфтани роҳҳои ҳалли масоили нороҳаткунандае, ки солҳои гузашта вуҷуд дошт. “

Масоили нороҳаткунанда дар муносиботи Амрикову Покистон, ҳамлаҳои баҳсбарангези ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико ба тундравон дар Покистон аст. Сартоҷ Азиз, гуфт, кишвараш мехоҳад, ки Амрико чунин ҳамлаҳо дар хоки Покистонро қатъ кунад: "Мо нигаронии худро расондем ва дар оянда ҳам хоҳем гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҳамкориҳои натиҷаи баръакс дорад. Ва дар пасманзари сӯҳбатҳои имрӯза мо муколамаро дар бораи қатъи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико идома хоҳем дод. Мо мехоҳем ҳамлаҳоро на муттавақиф, балки қатъ кунанд".




Ҷон Керрӣ эътироф кард, ки дар инҷо масъалаи “истиқлолият” дар миён аст, аммо айни замон ба нақзи истиқлолияти Покистон аз сӯи Ал-Қоида ишора кард. Ӯ гуфт, Аймон ал-Завоҳирӣ, раҳбари Ало-Қоида, ки гӯё дар Покистон паноҳ мебарад, бо ҳамла ба масҷиду бозору рустоҳо, истиқлолияти ин кишварро нақз мекунад.

Яке аз ҳодисаҳое, ки муколамаи стротегии Амрикову Покистон дар масоили амниятиро соли 2011 қатъ кард, ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба як маҳалли марзии Покистон буд, ки дар натиҷаи он 24 сарбози покистонӣ кушта шуданд. Амалиёти махсуси маҳви Усома бин Лодан дар дохили Покистон ҳам равобити ду кишварро сард кард.

Сартоҷ Азиз, мушовири умури сиёсати хориҷии ҳукумати Покистон дар робита ба Афғонистон гуфт, кишвараш барои ба роҳ андохтани музокироти сулҳ миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Ҷон Керрӣ ҳам ба аҳамияти масъалаи Афғонистон таъкид кард: "Афғонистони воҳид, орому босубот ба манфиати ҳарду кишвар аст. Мо аз кӯмаки Покистон дар раванди сулҳ дар Афғонистон бисёр сипосгузорем ва маълум аст, ки ин раванд, фурсату устуворӣ металабад".

Вазири умури хориҷии Амрико ибрози итминон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон ба созиши дарозмуддати стротегӣ даст хоҳанд ёфт, ки иҷоза медиҳад, нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 2014 ҳам дар Афғонистон бимонанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон баъди ҳимояти Амрикову Покистон аз боз кардани дафтари Толибон дар Қатар дар моҳи июн музокирот дар бораи ин созишномаро муттавақиф кард.
XS
SM
MD
LG