Пайвандҳои дастрасӣ

Эдвард Сноуден фурудгоҳи Маскавро тарк кардааст


Вакили дифоъе, ки ба Эдвард Сноуден, маъмури собиқи амниятии Амрико кӯмак мекунад, гуфт, Эдвард Сноуден фурудгоҳи Маскавро тарк кардааст. Анатолий Кучерена имрӯз дар Маскав гуфт: "Сноуден фурудгоҳро тарк кард ва ба маҳалли амне рафт. Умедворам шумо ин иттилоъро дарк мекунед. Ӯ барои ин даркатон аз шумо миннатдор аст, чун масъалаи амният барои ӯ бисёр ҷиддӣ аст."
Ба гуфтаи вакили рус, давлати Русия ба Эдвард Сноуден як сол ҳаққи паноҳандагӣ додааст ва санадҳои лозимаро ба ӯ дар фурудгоҳ супурдаанд. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Эдвард Сноуденро барои ишфо кардани барномаҳои сиррии назорат бар мукотиботи интернетӣ ва забти сӯҳбатҳои телефонӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ муҳокима кунад. Баъди онки Амрико шиносномаи Сноуденро беэътибор эълон кард, ӯ аз рӯзи 23 июн дар фурудгоҳи Шереметово дармонд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, иҷоза намедиҳад, ки қазияи Сноуден ба муносиботи кишвараш бо Амрико латма бизанад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG