Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як муҳоҷир дар пайи муноқишаи байниҳамӣ


Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз рӯи ҳодисаи муноқишаи дастаҷамъонаи муҳоҷирон, ки дар пайи он як нафар ҳалок шудааст, тафтишот мебарад. Торнамои "Правда.ру" аз қавли пулиси маҳаллӣ хабар додааст, ки шаби чоршанбе ба панҷшанбе дар хонаи шумораи 21-и кӯчаи Репишев миёни чанд муҳоҷири корӣ муноқиша бархостааст. Гуфта мешавад ин муҳоҷирон аз хориҷи наздик ба Русия ҳастанд. Вале то ба ҳол шахсияти онҳоро ошкор накардаанд. Дар натиҷаи ҳодиса, яке аз иштирокчиёни муноқиша, ҷавони 22 сола бо ҷароҳат аз минтақаи шикамаш бо захми корд ба беморхона интиқол дода мешавад ва дертар ба ҳалокат мерасад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро таҳқиқ карда иштирокчёни дигари ин муноқишаро ҷустуҷӯ доранд.
XS
SM
MD
LG