Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ вазири собиқи гурҷиро бегуноҳ хонд


Додгоҳи Гурҷистон иттиҳомоти боздошти ғайриқонунӣ, сӯистифода аз мақом ва шиканҷа алайҳи Бачо Ахалия, вазири собиқи дифоъ ва аз муттафиқони раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилиро беасос донист. Бар асоси ҳукми додгоҳ, айни иттиҳомот алайҳи чанд ҳамроҳи дигари вазири собиқ аз ҷумла раиси пешини ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон асос надоранд. Бачо Ахалия дар боздошт мемонад, зеро таҳқиқи аъмоли ӯ бар асоси ду парвандаи дигар идома дорад. Бачо Ахалияро моҳи ноябри соли 2012 боздошт карданд. Баъди шикасти ҳизби раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ дар интихоботи порлумонии моҳи октябри соли 2012, ҳукумати нав чанде аз аъзои баландпояи ҳукумати қаблӣ ва муттафиқони раиси ҷумҳурро ба додгоҳ кашиданд.
XS
SM
MD
LG