Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷавони тоҷик дар Русия ҳалок шудаанд


Кумитаи Тафтишотии Русия мегӯяд, сабабҳои марги ду муҳоҷири ҷавони тоҷикро таҳқиқ мекунад, ки ҷасадҳояшонро рӯзи 31 июл пайдо кардаанд. Дар баёнияи расмие, ки рӯзи якуми август дар торнамои кумита нашр шуд омадааст, ҷасади коргарони 18 ва 23-солаи тоҷик дар хонае дар ноҳияи Усово Одинтсовои вилояти Маскав ёфт шудааст. Бино ба натиҷаҳои пешакии таҳқиқот, ҷавонон ҳангоми нақбканӣ зери хок мондаанд, вале таҳқиқот дар ин замина дома дорад.
XS
SM
MD
LG