Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи муколамаи стротегии Амрикову Покистон


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, кишвараш “муколамаи стротегӣ” дар бораи амният бо Покистонро аз сар мегирад. Ӯ дар ин бора дар як нишасти хабарии муштарак бо Сартоҷ Азиз, мушовири умури хориҷии давлати Покистон сухан гуфт. Ҷон Керрӣ афзуд, ҳарду тараф умедворанд, масоили “озурдакунанда” дар муносиботи ду тарафро рафъ намоянд. Аз ҷумла масъалаҳои паноҳгоҳҳои тундравон дар Покистон ва ҳамлаҳои ҷанҷолии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба чунин паноҳгоҳҳо. Маҳз ҳамлаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба як минтақаи марзӣ дар соли 2011, ки 24 сарбози покистониро кушт, сабаби қатъи муколамаи стротегии ду тараф шуд. Сартоҷ Азиз дигарбора таъкид кард, ки Покистон барои ба мусолиҳа овардани Толибон ва ҳукумати Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Қабл аз ин Ҷон Керрӣ бо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, сӯҳбат дошт ва ӯро барои мулоқот бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба Вашингтон даъват кард.
XS
SM
MD
LG