Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои тавзеҳи дигарбораи андозбандии зангҳои телефонӣ


Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон зимни муроҷиати дубора ба Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи андоз, хостори тавзеҳи бештар дар низоми алоқаи мобилии Тоҷикистон шудааст.

Ғаффор Эркаев, раиси Асосиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон рӯзи 1 уми август ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди дарёфти посухи расмии Кумитаи андоз дар ҳафтаи гузашта, ба масъалаҳои аслӣ ҷавоб дода нашудааст ва онҳо маҷбур шудаанд, ки дубора ба Кумитаи андоз ва Маҷлиси Намояндагон муроҷиат кунанд.

«Дар муроҷиати дубора, ки дар ҳамин рӯз ба шакли нома ба Кумитаи андоз пешниҳод карда шуд, пурсидем, ки минбаъд ширкатҳои мобилӣ арзиши зангҳои телефонии байнишабакавиро бо назардошти андози аксиз муқарар намоянд, яъне механизми пардохти андози аксизро мушаххас кунанд, ки аз тарафи оператори ширкати мобилӣ пардохта шавад ва ё аз ҷониби муштариён?»

Ба қавли ӯ, дар номаи ҷавобии Кумитаи андоз омадааст, ки операторони мобилӣ барои пешниҳод намудани хизматҳои зангҳои байнишабакавӣ бояд андози аксиз ва аз зангҳои воридотии байналмилалӣ ҳам аксиз ва ҳам андоз аз арзиши иловашуда пардохт намоянд.

Ба гуфтаи оқои Эркаев, «дар ин сурат арзиши хизматҳои алоқаи мобилӣ гаронтар шуда, ин андоз бинобар сабаби ғайримустақим будан, аз муштариён пардохт карда мешавад. Ва агар ширкатҳои мобилӣ зангҳои воридотии байналмилалиро бо назардошти НДС андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз муқаррар намоянд, дар чунин ҳолат зангҳои воридотии байналмилалӣ боз гарон хоҳанд шуд."

Дар ҳамин ҳол Сайидаҳтам Абдуллоев, сардори Раёсати хизматрасониҳои андози Кумитаи андози ҷумҳурӣ баррасии номаи Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистонро тасдиқ кард ва гуфт дар номаи ҷавобӣ гуфта шуд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд андози аксиз ва аз зангҳои воридотии байналмилалӣ ҳам аксиз ва ҳам андоз аз арзиши иловашударо пардохт кунанд. Ба гуфтаи ин мақоми Кумитаи андози Тоҷикистон, масъулони Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобили Тоҷикистон қонеъ нашуда боз мактуб менависанд.

Ғафур Эркаев, сарвари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки қимати гуфтугӯи байнишабакавӣ дар Тоҷикистон бо ҳисоби аксиз 9,6 дирам аст, аммо дар пайи роҳандозии Кодекси нави андоз, боз ширкатҳо аз ин маблағ 3% -и дигар аксиз бояд супоранд. Вай афзуд, агар пайвасти байнишабакавӣ объекти аксизи андоз шавад, пас як занг ду бор андозбандӣ мешавад.

То соли 2011 ширкатҳои мобилӣ ба монанди дигар корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ба таври маъмулӣ андоз медоданд. Аз 1 феврали соли 2011 дар пайи тағйири Кодекси андоз, аксиз ҷорӣ шуд ва қимати хадамоти мобилӣ дар Тоҷикистон 3 дарсад боло рафт. Ин дар ҳолест ки хидматрасонии ин ширкатҳо алакай 19 фоиз андоз аз арзиши иловашуда ҳам дошт, ки мустақиман аз ҳар пардохт рӯёнда мешавад.

Вазорати молияи Тоҷикистон эълон дошт, ки соли 2012 аз ҳисоби ин аксиз ба буҷаи ҷумҳурӣ 45 миллион сомонӣ, ҳудуди 10 миллион доллар ворид шудааст. Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли 2012 ширкатҳои мобилии кишвар беш аз 1, 5 миллиард сомонӣ ба буҷа ворид карда буданд.

3 дарсад пардохти иловагие, ки инак, аз сӯи Кодекси нави андози Тоҷикистон барои ширкатҳои мобилӣ эҷод мешавад, ба буҷаи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ хоҳад овард, ҳанӯз аз ҳеҷ ҷониб ҳисоб карда нашудааст. Ғафур Эркаев мегӯяд, ин маблағ ҳам аз кисаи муштариён, яъне шарҳрвандони оддӣ, гирифта хоҳад шуд.

Бино ба ҳисобҳо, аҳолии Тоҷикистон солона барои гуфтугӯҳо бо телефони мобил то ним миллиард доллар масраф мекунанд. Ҳоло саҳми бархе ширкатҳои мобил дар қисми дахли будҷаи давлатии Тоҷикистон хеле бештар аз бузургтарин корхонаҳои саноатиаш ва ҳатто бештар аз ТАЛКО шумурда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG