Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи Эрон таҳримоти нав эъмол мекунанд


Маҷлиси Намояндагони Амрико қарореро қабул кард, эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эронро пешбинӣ мекунад. Дар раъйдиҳии рӯзи чаҳоршанбе 400 вакил ба тарафдорӣ ва 20 нафар мухолифи ин санад раъй додаанд. Дар ин қарор хоста шудааст, хариди нафти Эронро дар зарфи як соли оянда то 1 миллион бушка дар як рӯз кам кунанд ва то соли 2015 воридоти нафти Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ қатъ шавад. Бар асоси ин санад кишварҳои саввум, ки манбаъи алтернативии хариди нафт пайдо намекунанд, ҷаримаҳои бузург баста мешавад. Ҳадаф аз ин таҳримот, мойил кардани Эрон ба даст кашидан аз барномаҳои баҳсбарангези атомиаш аст. Ба эътиқоди кишварҳои ғарбӣ, Эрон мехоҳад бомби атомӣ бисозад. Қарор мазкур дар остонаи маросими адои савганди раиси ҷумҳури нави Эрон қабул шуд, ки қарор аст, то чанд рӯзи дигар баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG