Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳо аз такрори низоъ дар Миср


Бо думболи дастури ҳукумати Миср барои поён додан ба тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, эҳтимол дорад, дигарбора дар Миср хушунат сар бизанад. Ҳукумати Миср рӯзи чаҳоршанбе гуфт, тазоҳуроти тарафдорони Мурсӣ барои амнияти миллии кишвар хатар эҷод мекунад ва бояд пароканда карда шаванд. Чанд рӯз пештар аз ин дар тазоҳуроте дар Қоҳира 82 нафар аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ кушта шуданд. Дигар ин ки рӯзи чаҳоршанбе, додситонҳои Миср, парвандаи се раҳбари баландмақоми созмони исломгарои Ихвонулмуслиминро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд. Додситонҳо ин афродро ба барангехтани хунрезӣ қабл аз барканории раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ дар рӯзи сеюми июл муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, раҳбарони Ихвонулмуслимин моҳи пеш дар ин тазоҳурот тарафдорони худро ба қатли мухолифони Мурсӣ таҳрик додаанд. Давлати Амрико аз раҳбарони Миср хостааст, ба ҳуқуқи мардум барои гирдиҳамоии осоишта эҳтиром бигузорад.
XS
SM
MD
LG